Гардиши тиҷорати Суғд бо Чин то охири сол ба $1,5 миллиард мерасад

Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба Чин сафар кард.

Дар доираи ин сафар дар музофоти Шэнси мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода бо губернатори музофот Чжао Ган баргузор гардид.

Чжао Ган ҳайати вилояти Суғдро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки ин боздид дар доираи Созишномаи бародарӣ ва ҳамкорӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.

Ӯ изҳори умед кард, ки сафари ҳайати вилояти Суғд барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду минтақаи бузурги саноативу кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.

Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зикр кард, ки муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин дар сатҳи баланд қарор доранд.

Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дод, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз як миллиард долларро ташкил додааст. Аз ин 505 миллион доллар ба содирот ва 564 миллион доллар ба воридот рост меояд.

Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Чин ба 764 миллион доллар баробар шудааст. Тарафҳо нақша доранд, ки ин нишондиҳандаро то охири сол ба 1,5 миллиард доллар расонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *