Номи Лоҳутӣ ва тавсияи Ғафуров. Чанд сафҳа аз авроқи рангини зиндагии Мунира Шаҳидӣ
Рӯнамоии китоб дар Британияи Кабир
Дар Коллеҷи Кингси Донишгоҳи овозадори дунё – Кембриҷ моҳи октябри соли ҷорӣ муаррифии китоби тозанашри Мунира Шаҳидӣ «Муколамаи фарҳангҳои Шарқу Ғарб дар асри 21», ки бо забони англисӣ низ тарҷума шудааст, баргузор гардид. Зимни муаррифӣ музокираи гарму самимие доир гардид. Aз ҷумла Мунира Шаҳидӣ иброз намуданд:
– Аслан омӯзиши илмии адабиёти форсизабон дар Ғарб аз Британияи Кабир дар асри XIX ва аввали асри ХХ шуруъ шуд. Браун, Арбери, Николсон се чеҳраи намоёни омӯзиши адабиёти форсизабон буда, роҳи ҳамроҳшавиии ин адабиётро ба ҷаҳони англисзабон боз намуданд. Вале музокираҳои сахт оид ба масъалаҳои таҳаввули афкор аз назари олимони англисзабон дур гашт. Хусусан дар замони муосир, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар асрҳои XV ва XVI сар шуд ва ба номҳои Ҷомӣ ва Навоӣ пайвандӣ дорад. Лекин, сабаби як қадам пеш гузоштани Навоӣ аз устодаш Ҷомӣ он буд, ки Фарҳодро як қаҳрамони зиндаи созандаи наҳре барои ташнагон қаламдод карда буд. Вале худи Фарҳод шоҳзодаи чинист ва ошиқи маликаи хуросонӣ гашт. Ин як навоварии муҳими адабиёт дар самти муколамаи фарҳангҳо буд.
Мунира – оварандаи нур
Сталинобод. Баҳори соли 1943. Устод Абулқосим Лоҳутӣ шеъре иншо менамоянду ба суроғи Зиёдулло Шаҳидӣ меоянд, то ба он оҳанг баста шавад. Аммо дар ҷои кор, дар Театри опера ва балет Шаҳидиро намеёбанд. Хабар доданд, ки композитор соҳиби фарзанд шудааст ва ҳоло дар хонааш мебошад. Лоҳутӣ суроғаи Шаҳидиро гирифта, ба хонаашон мераванд. Аз дидани манзили хоксоронаи Шаҳидӣ Лоҳутӣ ҳайрон мешаванд:


– Наход ягона бастакори тоҷик дар чунин шароит зиндагӣ намояд? Ин хона аст ё “зиндони муъминон”?
Сипас барои тавлиди фарзанд табрик намуда, мепурсанд, ки ба духтарча ном ниҳодед ё не?
– Ҳанӯз не.
– Пас исмашро Мунира гузоред, то минбаъд дар манзили шумо нуру сафо зиёд гардад.
Ҳамин тариқ, нахустин фарзанди худро Зиёдулло Шаҳидӣ Мунира ном мегузоранд.
Сафар ба Ҳиндустон
Мунира Шаҳидӣ сафарҳои зиёде ба хориҷи кишвар доштанду доранд. Аммо аввалин сафари он кас ба хориҷ ба Ҳиндустон буд, ки барои тақдири минбаъдаи эҷодиашон такони ҷиддие бахшид. Он замон дар ҳайати комсомол фаъолият мебурданд. Аммо падар ҳамеша таъкид мекарданд, ки ба ҷои сиёсат беҳтар мешуд, Мунираи ҷавон ояндаи худро ба илм пайваст намуда, ба аспирантура дохил шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ба ин сафари Ҳиндустон замина гузошт.
Дар шаҳри Деҳлӣ аз Мунира хоҳиш намуданд, ки дар назди ҷамъомадагон бо забони англисӣ баромад намояд. Ҳарчанд дар назди издиҳоми зиёди одамон Мунира каме худро ноҳинҷор ҳис мекард, аммо худро ба даст гирифту суханронӣ намуд: “Дӯстони азиз, мо аз Иттифоқи Шӯравӣ омадем ва чӣ тавре ки медонед, дар мамлакати паҳновари мо 15 давлат мавҷуд аст ва ман аз Тоҷикистон ҳастам. Чун забони мо ҳам форсӣ аст, мо аз азал Бедилро медонему мехонем…”.
Суханронии Мунира Шаҳидиро самимона истиқбол намуданд. Сипас яке аз шоирони маъруфи ҳинд ба назди муаллима омада, хоҳиш намуд, ки пагоҳ дар як маҳфили онҳо, ки маҳз ба Мирзо Абдулқодири Бедил бахшида шудааст, иштирок ва суханронӣ намояд. Муаллима онҷо низ баромад менамоянд. Рӯзи дигар дар яке аз рӯзномаҳои расмии Ҳиндустон мақолае бо акси муаллима бо номи “Тоҷикдухтаре ки Бедилро мешиносад” ба нашр мерасад…
Роҳбари ҳайат, академик, ҳиндушиноси маъруф Е. П. Челишев аз донишу маҳорати суханронӣ ва ҷаҳонбинии Мунираи ҷавон ба ваҷд омада, таклиф менамояд, ки ба аспирантура дохил шавад.
– Вақте ба Москва мерасем, ман туро ба назди Бобоҷон Ғафуров мебарам,- гуфт ӯ. (Он вақт Б. Ғафуров директори Институти шарқшиносии академияи илмҳои СССР буданд).

Мулоқот бо Ғафуров
Чун ба Москва расиданд, Челишев ба ваъдаи худ истода, Мунираро ба Институти шарқшиносӣ бурд. Яке аз олимони барҷаста Мунираро ба назди Бобоҷон Ғафуров овард ва хост ӯро хубтар шинос намояд, аммо Ғафуров гапи ӯро бурида, гуфтанд:
– Чӣ, ту магар мехоҳӣ ба ман кӣ будани Шаҳидиро фаҳмонӣ? Мо худамон суҳбат мекунем!
Сипас аз Мунира пурсиданд, ки оиладор ҳастед?
– Бале, соҳиби духтарча ҳастам.
– Пас ба шумо дар худи Душанбе ба пажӯҳиши илмӣ машғул шудан осонтар аст. Мебинам, ки тоҷикиатон хуб аст, англисиатонро боз ҳам беҳтар намуда, такмил диҳед. Ба наздикӣ дар Душанбе конфронси байналмилалии Кӯшониён баргузор мегардад ва он ҷо ҳамчун тарҷумон хизмат мекунед. Ба Мирзоев занг мезанам, то ба шумо ягон мавзӯи мувофиқро, ки вобаста ба адабиёти Ғарб бошад, пайдо намояд.
Ҳамин тавр, дар Душанбе бо Абдулғанӣ Мирзоев вохӯрданӣ мешаванд. Аммо ҷуръат намекунанд, чун шунида буданд, ки устод хеле сахтгир ҳастанд. Пас аз конфронс гурӯҳи олимони аврупоиро ба Институти шарқшиносӣ бурда, вазифаи тарҷумониро адо менамоянд. Худи Мирзоев муаллимаро шинохта, ёдовар мешаванд, ки Ғафуров дар бораи шумо ба ман гуфта буданд. Мирзоев мегӯяд, ки мо шуморо ба муддати 6 моҳ месанҷем ва агар аз имтиҳонҳои мо гузаштед, сипас ба аспирантура қабул мекунем. Ҳамаи супоришҳоро сарбаландона иҷро намуда, ба аспирантура дохил мешаванд. Барои тасдиқи мавзӯи рисола аз худи Санкт-Петербург олими намоён А. Н. Болдирев омада буд. Муаллима ҳатто пеш аз муҳлати муқарраргардида, дар соли 1972 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Мақоми китоби чорҷилдаи Э. Г. Браун дар шинохти адабиёти форсии тоҷикӣ дар ҷаҳони имрӯз” таҳти роҳбарии академик Абдулғанӣ Мирзоев ва Андрей Евгеневич Бертелс ҳимоя менамоянд.
Зимни муҳокимаи рисола раиси шӯро Носирҷон Маъсумӣ гуфта буданд: “Як духтари ҷавон ҷуръат намуда, ба чунин мавзуъ даст задааст. Бояд эътироф намоем, ки мо забони англисиро намедонем ва дар ин мавзуъ низ мутахассис нестем. Барои ҳамин беҳтар аст ба ҷои эродгириҳо ҷасурию навоварии ин духтараки ҷавонро дастгирӣ намоем”.
Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ