Нависандаи ӯзбек номзади эҳтимоӣ ба ҷоизаи Нобел
Номи нависандаи маъруфи ӯзбек Ҳамид Исмоилов дар миёни довталабони эҳтимолии Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт барои соли 2026 зикр шудааст. Аммо сухан ҳоло дар бораи номзадии расман тасдиқшуда намеравад, зеро феҳристи номзадҳои Нобел тибқи қоидаҳои Академияи Шветсия 50 сол махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Нашрияҳои Ӯзбекистон рӯзи 30 сентябр хабар доданд, ки номи Ҳамид Исмоилов дар феҳристи букмекерии нависандагони эҳтимолии Нобел-2026 пайдо шудааст. Ин рӯйхат бар асоси коэффисиентҳои ширкати бритониёии Ladbrokes таҳия шуда, барои Исмоилов коэффисиенти 33/1 нишон дода шудааст. Дар ҳамин феҳрист номи Ҳаруки Мураками, Маргарет Этвуд, Салмон Рушдӣ, Дэвид Гроссман, Ҷоан Роулинг ва Стивен Кинг низ зикр мешавад.
Бо вуҷуди ин, «дар рӯйхати букмекерҳо будан» ва «ба Нобел расман пешниҳод шудан» ду мафҳуми гуногунанд. Академияи Шветсия таъкид мекунад, ки маълумоти номзадҳо ва шахсону ниҳодҳое, ки онҳоро пешниҳод кардаанд, 50 сол махфӣ мемонад. Номзадҳоро аъзои Академияи Шветсия ва ниҳодҳои ҳамсон, профессорони адабиёт ва забоншиносӣ, барандагони пешини Нобели адабиёт ва роҳбарони созмонҳои намояндагии нависандагон пешниҳод карда метавонанд.
Ҳамид Исмоилов, ки соли 1954 дар Токмоки Қирғизистон ба дунё омадааст, ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ менависад ва осораш ба забонҳои зиёде тарҷума шудааст. Шинохти байналмилалии ӯ солҳои охир бештар шудааст.
Романи «The Devils’ Dance» (“Рақси шайтонҳо) соли 2019 Ҷоизаи адабии Бонки аврупоии таҷдиду рушдро ба даст овард. Романи дигари ӯ – «We Computers: A Ghazal Novel» («Мо – компютерҳо: роман дар қолаби ғазал») финалисти National Book Award-2025 дар бахши адабиёти тарҷумашуда гардид ва соли 2026 ба рӯйхати кӯтоҳи EBRD Literature Prize роҳ ёфт.
Аз миёни адибони Осиёи Марказӣ қаблан Чингиз Айтматов нависандаи қирғиз ва Темур Зулфиқоров нависандаи тоҷик ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шуда буд.
Барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт барои соли 2026 рӯзи 8 октябр эълон мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ