Тағйироти кадрӣ. Кӣ, чӣ вазифа гирифт? (ном ба ном)
Имрӯз, 4 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад муовини якум, Назарзода Ризо Шодӣ, Насулобекзода Диловаршо Насуллобек ва Нуриддинзода Некруз Зиёвиддин муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, Фурқати Ҳукумат ва Амирбекзода Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуданд.
“Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуданд”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки барои кадрҳои ба роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншуда вазифаи аз ҳама муҳим бо фарҳанги баланди муошират кор кардан бо мардум аст.


БО ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ШУДАНД:
– Комилбек Амид, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ;
– Амирбекзода Ҳабибулло, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз;
– Вализода Қурбон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш;
– Собирзода Шералӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ;
– Юсуфзода Қурбоналӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён;
– Ризозода Дилшод, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод;
– Гулзода Зафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
– Дилшоди Давлаталӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор;
– Нишонзода Даврон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён;
– Маҳмудзода Муслиҳиддин, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;
– Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор;
БО ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ШУДАНД:
– Назирӣ Зариф, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ;
– Раҷабзода Сироҷиддин, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;
– Мирзода Сайдулло, директори МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»;
БО АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН ШУД:
– Раҳимзода Аҳрор, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ