Тағйироти кадрӣ дар чанд ноҳияи Хатлон. Кӣ барканор, кӣ дар куҷо таъин шуд?
Дар ҳукумати вилояти Хатлон як қатор тағйиротҳои кадрӣ сурат гирифтааст.
Муҳаммадшариф Холзода, раиси ноҳияи Кӯшониён аз вазифа озод, ба ҷойи ӯ Қурбоналӣ Қувватов дар ин мақом таъин гардидааст. Қурбоналӣ Қувватов то ин дам раиси ноҳияи Вахш буд.
Манобеи Pressa.tj имрӯз, 4-уми ноябр бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, бо фармони Президегти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қурбон Вализода, ки то ҳол муовини раиси шаҳри Бохтар буд, раиси ноҳияи Вахш таъин шудааст.
Муҳаммадшариф Холзода аз январи соли 2025 вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониёнро бар ӯҳда доштааст. Қурбоналӣ Қувватов, ки акнун раиси ноҳияи Кӯшониён таъин гардид, аз соли 2019 раиси ноҳияи Вахш буд.
Даврон Нишонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ озод, раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин шудааст. Ба ҷойи ӯ, Шералӣ Собирзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ таъин гардидааст. Шералӣ Собирзода то таъин шудан ба ин вазифа, муовини раиси Дастгоҳи вилояти Хатлон будааст.
Дар бораи ин тағйироти кадрӣ то ҳол хабари расмӣ нашр нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ