Лаҳистон кафшергарону дӯзандаҳои тоҷикро ба кор даъват кардааст

Хадамоти муҳоҷирати Вазорату кору муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри як эълон кафшергарону дӯзандаҳои тоҷикро ба кор дар Лаҳистон (Полша) даъват кардааст.

Ин ниҳод рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ба корфармоён кафшергарони дорои тахассуси “MIG”, “MAG” ва “TIG” ҷалб мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, музди меҳнати кормандон аз 8,91 доллар дар як соат оғоз мешавад.

Хадамоти муҳоҷират, ҳамчунин, иттилоъ додааст, ки ба кори дӯзандагӣ дар Лаҳистон то 80 кас қабул мешавад ва дар ин кор маош аз 9 доллар дар як соат оғоз шуда, моҳе тақрибан 2 ҳазору 500 долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, афроди аз 25 то 45 сола, онҳое, ки забони русӣ ё англисӣ дар сатҳи хуб медонанд ва таҷрибаи кории на кам аз 3 сол доранд, ба кори дӯзандагӣ қабул мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *