Раиси Кӯшониён аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷойи ӯ кӣ омад?
Муҳаммадшариф Холзода, раиси ноҳияи Кӯшониён аз вазифа озод карда шудааст. Манобеи Pressa.tj бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, бо фармони Президегти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ӯ, Қурбоналӣ Қувватов раиси ноҳияи Кӯшониён таъин гардидааст.
Қурбоналӣ Қувватов то таъин шудан ба ин мақом раиси ноҳияи Вахш буд. Вай аз соли 2019 то ҳол вазифаи раиси ноҳияи Вахшро бар ӯҳда дошт.
Муҳаммадшариф Холзода аз январи соли 2025 раиси ноҳияи Кӯшониён таъин гардида буд. Ӯ дар гузашта раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон низ кор кардааст.
Дар бораи ин тағйироти кадрӣ то ҳол хабари расмӣ нашр нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ