Агентӣ ба сокинон: чораҳои эҳтиётиро андешед

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то 6-уми ноябр  чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон шоҳиди боридани борону омадани сел хоҳанд шуд.

Ин ниҳод сокинонро огоҳ кардааст, ки  рӯзҳои 4 то 6-уми  ноябри имсол бо сабаби боришоти борон дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани  сел пешгӯӣ мешавад.

“Ҳамзамон, дар дарёҳои Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест”,-гуфтааст манбаъ.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинон тавсия додааст, ки дар чунин шароит чораҳои эҳтиётиро андешанд.

Тибқи иттилои ин агентӣ имрӯз, 4-уми ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар Душанбе ва баъзе навоҳии Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон пешгӯи мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борон пешгӯӣ шудааст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *