Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ӯзбекистон

Субҳи имрӯз, 4 ноябр, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуд.

Ба иттилои Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуда, дар фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд-Ҳумо” ба номи Ислом Каримов, Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон, ҳокими шаҳри Тошканд, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва дигар намояндагони расмӣ  истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамин рӯз дар ҳошияи ин сафар Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Ӯзбекистон дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Ӯзбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд.

Дар ин сафар ӯро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон  ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

То ҳол ҷузъиёти ин сафар барои расонаҳо маълум нест.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯбекистон дар солҳои охир дар чаҳорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳамсоягии нек босуръат рушд  меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *