Боздошти як гурӯҳ бо гумони қочоқи маводи мухаддир
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳ сокинон бо гумони қочоқи маводи мухаддир ба хориҷи кишвар хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, ин гурӯҳи нашъаҷалоби трансмилӣ 9 нафар буда, ҳангоми боздошт аз онҳо 24 кг маводи мухаддири намуди ҳашшишро, ки дар махфигоҳашон дар ноҳияи Мастчоҳ зери хок карда будаанд, ошкор намудаанд.
ВКД дар як гузориши видеоӣ, ки 4-уми ноябр нашр кард, гуфтааст, гумонбарон маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид намуда, мехостанд онро ба хориҷа интиқол диҳанд.
Аз гумонбарон Муззафар Аъзамов, Фарҳод Норҷигитов, Абдушукур Ҷурабоев, Билол Туронов, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, Сафаралӣ Нуров, Ҷамшед Узақов, Фаридун Толибов, сокинони шаҳри Душанбе, Фарҳод Азизов ва Хушбахт Солеҳзода, сокинони ноҳияи Варзоб ном бурдаанд.
Назари гумонбарон ё наздиконашон ба ин хабари мақомот маълум нест. Баъзе аз онҳо дар навори нашрнамудаи мақомот аз кирдори ғайриқонунии худ нақл мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ