Ҳушдори Агентӣ аз сардиҳои чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 10-11-уми ноябри имсол дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон ноустувории вазъи обу ҳаво пешгӯӣ шуда, боридани барфу борон дар назар аст.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр  борон ба барф табдил хоҳад ёфт.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, рӯзи 10-уми ноябр дар қисми зиёди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, аксари ноҳияҳои вилояти Суғд борони бошиддат пешгӯӣ шуда, дар поёни рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ба барф табил мешавад.

“Рӯзҳои 10-11-уми  ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 7–12° гармиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 13-18м/с дар назар аст”,-гуфтааст манбаъ.

Агентии обуҳавошиносӣ таъкид намудааст, ки рӯзҳои 9 то 13-уми ноябр бо сабаби боридани борон  дар баъзе ноҳияҳои  вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хавфи омадани  сел пешгӯӣ мешавад.

Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки дар чунин  вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *