Дар Суғд ғолибони озмуни «Беҳтарин оши палав» маълум шуд

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Фестивали оши палав баргузор гардид.

Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, ин фестивал бо мақсади эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ, ҳунари ошпазӣ ва арҷгузорӣ ба яке аз таомҳои маъруфи миллати тоҷик-оши палав ташкил карда шуд.

«Дар рафти фестивал ошпазҳои шаҳру ноҳияҳо маҳорати касбии худро ба намоиш гузошта, навъҳои гуногуни оши палавро омода ва пешкаши иштирокчиён намуданд. Ҳамзамон, тарзи омода намудани таом, риояи анъанаҳои миллӣ ва ороиши дастархон аз ҷониби ҳайати ҳакамон арзёбӣ гардид»-афзуд манбаъ.

Аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти фестивал ғолибон дар бахши «Беҳтарин оши палав» муайян шуда, ҷойи якумро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дуюм-шаҳри Хуҷанд ва мақоми сеюмро ноҳияи Айнӣ соҳиб гардидаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар бахши «Муаррифии беҳтарин» шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом ва Деваштич сазовори ҷойҳои намоён гардида, ҳамзамон, барои иштироки фаъолона шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Спитамен ва Ҷаббор Расулов қадрдонӣ карда шуданд.

Ба ғолибони Фестивали оши палав тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супурда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *