Манъи истифодаи дастгоҳҳои бесарнишин дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки аз 18 то 20-уми ноябр истифодаи ҳама гуна дастгоҳҳои бесарнишин (дронҳо) дар ҳудуди пойтахт манъ аст.

Ин ниҳод аз сокинон даъват кардааст, ки талаботи мазкурро қатъиян риоя намуда, аз истифодаи дастгоҳҳои бесарнишин дар ҳудуди шаҳри Душанбе худдорӣ намоянд.

“Соҳибмулкони чунин дастгоҳҳо бо мақсади гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд тавассути паёмрасонҳои «WhatsApp» ва «Telegram» бо рақами (+992) 018-02-02-02 дар тамос шаванд”,-гуфтааст манбаъ.

Сабаби манъи муваққатии истифодаи дастгоҳҳои бесарнишин шарҳ дода нашудааст. Вале зоҳиран ин мамнуият ба сафари Владимир Путин, Президенти Русия ба Тоҷикистон рабт дорад, ки  рӯзҳои 19-20-уми ноябр дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *