Пулис аз як садамаи маргбор дар Душанбе хабар дод
Пулиси шаҳри Душанбе аз рух додани садамаи маргбори нақлиётӣ дар пойтахт хабар дод, ки дар пайи он ноболиғе ҷон додааст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, 17 -уми ноябр дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, Садриддин Розиқов, ронандаи воситаи нақлиёти «Hyundai Porter» бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, ноболиғи 11-соларо, ки роҳро аз ҷойи муқаррарнашуда убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ин ҳодисаи санад тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад.
Мақомот аз падару модарон даъват кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, ҳамеша бехатарии онҳоро таъмин намуда, қоидаҳои ҳаракати роҳро ба онҳо омӯзонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ