Талаботи нав барои бекор кардани патенти муҳоҷирон дар Русия

Аз 1-уми январи соли 2027 боз як қойдаи нав барои назорати даромади муҳоҷирон дар Русия ҷорӣ мегардад.

Ба иттилои мақомоти Русия, агар дар бораи даромади муҳоҷирон маълумоти зарурӣ дастрас набошад, аз додани патент худдорӣ мекунанд ва патенти қаблан додашударо метавонанд бекор кунанд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС 16-уми ноябр бо истинод ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, аз оғози соли 2027 мавҷуд будани маълумоти расмӣ дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ яке аз шартҳои гирифтани патент ё  иҷозатномаи кор хоҳад буд.

“Мақомоти Русия даромади муҳоҷиронро дар асоси маълумоти пардохтҳои суғуртавӣ барои се, шаш, нуҳ ва дувоздаҳ моҳи соли тақвимӣ санҷида, дар сурати мавҷуд набудани чунин маълумот метавонанд аз додани санадҳои корӣ худдорӣ кунанд ё ҳуҷҷатҳои қаблан додашударо бекор намоянд”,- гуфтааст манбаъ.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки низоми нави назорати даромади шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия марҳила ба марҳила ҷорӣ хоҳад шуд.

Бар асоси талаботҳои ахир, на танҳо набудани маълумот дар бораи даромад, балки аз меъёри муқарраршуда кам будани он низ метавонад барои рад ё бекор кардани патенти муҳоҷирони меҳнатӣ асос шавад.

Тибқи қонунгузории нав, аз 1-уми январи соли оянда шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекунанд, бояд даромади кофӣ барои таъмини худ ва аъзои оилаи таҳти сарпарастиашон дошта бошанд.

Меъёри даромад бо назардошти ҳадди ақалли зиндагӣ ва коэффитсиенти минтақавӣ дар Русия муайян мешавад.

Ҳадаф аз чунин тағйиротҳоро мақомоти Русия тақвияти назорати кор ва даромади шаҳрвандони хориҷӣ, қонунӣ будани шуғли онҳо ва муайян кардани қобилияти таъмини молиявии муҳоҷирон ва аъзои оилаашон, арзёбӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *