Дастури вазири маориф оид ба таъмини шаффофият дар озмуни «Фурӯғ… »

Дар пайи баъзе интиқодҳо аз таъмин нашудани  шаффофият дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастур додааст, ки ҳангоми баҳогузорӣ  адолат таъмин гардад.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, ин нуктаро Раҳим Саидзода 16-уми ноябр ҳангоми шиносоӣ аз раванди баргузории даври чоруми озмун баён дошт.

Ӯ дар баробари боздид аз ҷараёни баргузории озмун дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон, ба санҷиши донишу маҳорати иштирокчиён ва фаъолияти ҳайати ҳакамон низ шинос шудааст.

“Вазир дастур дод, ки ҳангоми баҳогузорӣ ба дониш, маҳорати суханварӣ, сатҳи омодагӣ ва дониши адабии иштирокчиён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, меъёрҳои муқарраргардидаи озмунро риоя ва шаффофияту адолатнокиро таъмин намоянд”,-гуфтааст манбаъ.

Раҳим Саидзода ба кори Комиссияи апеллятсионӣ ҳам  шинос гардида, таъкид кардааст, ки муроҷиатҳои иштирокчиён бояд дар доираи талаботи низомномаи озмун, бо риояи принсипҳои беғаразӣ ва адолат мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Чунин дастури вазир дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқодҳо аз раванди баргузории озмун ва таъмин нагардидани шаффофият дар он, борҳо садо додааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Ин озмун, ки аз чаҳор номинатсия иборат аст, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *