Сабаби сӯхтор дар бинои истиқоматие, ки Меҳринигори Рустам зиндагӣ мекунад, маълум шуд
Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ сабаби сӯхтор дар биноеро, ки манзили Меҳринигори Рустам, сарояндаи маъруф ҳам он ҷо аст, шарҳ дод.
Як манбаъ аз ин ниҳод дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, сабаби сар задани сӯхтор расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Ҳамсуҳбати мо бидуни шарҳи бештар афзуд, салоҳияти суҳбат бо расонаҳоро надорад ва хисороти ин ҳодиса баъдан маълум хоҳад шуд. Ба тамосҳои батакрори мо аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дигар посух надоданд.
Дар рӯзҳое, ки сарояндаи маъруфи тоҷик Меҳринигори Рустам дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб аз гирифтани ҷоизаи байналмилалӣ шодӣ мекард, аз Душанбе ба ӯ хабари нохуш расид. Дар бинои истиқоматие, ки манзили сароянда ҷойгир аст, сӯхтор сар зада, ба гуфтаи худаш, манзили ӯ низ осеб дидааст.

Меҳринигор бо нашри наворе дар саҳифаи «Instagram»-и худ аз ин ҳодиса хабар дод. Ба гуфтаи сароянда, ҳангоми сар задани сӯхтор ӯ дар Дубай қарор дошта, ҳамсоягонаш телефонӣ аз ҳодиса огоҳаш кардаанд.
Сароянда аз вазъи баамаломада изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки сабаби сар задани сӯхтор барояш маълум нест.
Ӯ гуфтааст, биноашон дар ҳолати бад қарор дорад ва аз мақомоти шаҳри Душанбе хоҳиш кардааст, ки ба ин масъала расидагӣ намуда, барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса чораандешӣ кунанд.
Биное, ки дар он сӯхтор сар задаас, дар кӯчаи Шоҳтемур 71-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст. Мақомот то ҳол дар бораи вақти дақиқи сӯхтор, сабабҳои сар задани он ва ҳаҷми зарари расида маълумоти расмӣ нашр накардаанд.
Ин ҳодисаи нохуш дар ҳолест, ки Меҳринигори Рустам чанде пеш дар шашумин маросими байналмилалии The EMIGALA 2026, ки 15-уми ноябр дар Дубай баргузор гардид, бо ҷоизаи «Star of the Night» («Ситораи шаб») қадрдонӣ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ