Владимир Путин ба Тоҷикистон меояд
Владимир Путин, Президенти Русия, рӯзҳои 19-20-уми ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд ва дар назар аст бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом диҳанд.
Расонаҳои русӣ аз қавли мақомоти Русия хабар додаанд, ки Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд ва ҷонибҳо масъалаҳои калидии рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Маскаву Душанбе, инчунин масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон то ҳол расман чизе нагуфтаанд.
Сафари Владимир Путин ба Душанбе баъди ширкаташ дар нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором, ки 18-19-уми ноябр дар Чин мегузарад, сурат мегирад. Дар ин кишвар нахустин музокироти сеҷонибаи раҳбарони Русия, Чин ва Амрико дар назар аст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия бар пояи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ рушд карда, ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву сиёсӣ, низомиву амниятӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ