Амонатбонк Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI-ро таҷлил кард (аксҳо)
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва намоиши аксҳои таърихӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Амонатбонк, чорабинӣ 16 ноябр бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк, инчунин намояндагони аҳли фарҳанг доир шуд.
Дар ҳамоиш раиси раёсати Амонатбонк А. А. Салимзода, муовини якуми раиси раёсат Х. Б. Худоёрзода, муовинони раиси раёсат Ф. З. Ризвонзода ва Р. С. Сафарзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони бонк ва директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода иштирок карданд.


Нахуст роҳбарияти бонк ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент ва 34-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз аҳаммияти таърихии ин ду сана ёдовар шуд.



Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки 16 ноябр дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи хос дошта, бо ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар замина гузошт.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ карданд.

Директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода зимни суханронии худ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи муосири Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки қарорҳои қабулшуда дар ин иҷлосия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини субот ва ҳифзи якпорчагии кишвар заминаи муҳим фароҳам оварданд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ намоиши асарҳо ва аксҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид. Дар намоиш аксҳое пешниҳод шуданд, ки марҳилаҳои гуногуни фаъолияти сиёсӣ ва давлатии Сарвари давлатро инъикос мекунанд.
Ба иттилои Амонатбонк, ҳадафи баргузории намоиш ҳифзи хотираи таърихӣ, муаррифии марҳилаҳои муҳими давлатдории миллӣ ва шинос намудани кормандон, меҳмонон ва шарикони бонк бо таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ