Нақшаи ҷамъоварии пахта дар Ёвон иҷро шуд

Мақомоти маҳаллии ноҳияи Ёвон хабар дод, ки нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро, ки 23 ҳазору 900 тонна будааст, пурра иҷро кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, “деҳқонони ноҳияи Ёвон имсол дар майдони 10 ҳазору 480 гектар замин  пахта кишт карда буданд, ки 4 ҳазору 500 гектари он зери плёнка буд.”

Аз 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон пас аз Бохтар, Левакант, Данғара ва ноҳияи Дӯстӣ, Ёвон панҷумин шуда аз иҷрои нақша хабар дод.

Ба иттилои расмӣ, имсол дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта наздик ба 395 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Баъзе шаҳру ноҳияҳои дигар ҳам дар минтақаҳои пахтакори кишвар нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намудаанд.

Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон буда, ҳосилнокӣ ва кам ё зиёд ҷамъоварӣ намудани он ба вазъи иқтисоди кишвар метавонад таъсир гузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *