Сабти боз 159 ҳолати ғайриқонунии мусофиркашонӣ дар Душанбе

Пулиси шаҳри Душанбе аз сабти боз 159 ҳолати ба гуфтаи ин ниҳод мусофиркашонии ғайриқонунии ронандагон хабар дод.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 16-уми ноябр иттилоъ дод, ки чунин ҳолатҳоро танҳо давоми чор рӯзи гузашта ба қайд гирифтаанд.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид маҳз чунин ронандагон дар қатори дуюму сеюм ва дар ҷойҳои номуайяншуда таваққуф намуда, боиси тамбашавии роҳҳо мегарданд”,-гуфтааст манбаъ.

Мақомот мегӯяд, нисбати ронандагон бо моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол кардаанд.

Дар ҳафтаҳои гузашта низ пулиси Душанбе дар пайи рейду санҷишҳо аз сабти чандин ҳолати муcофиркашонии ғайриқонунӣ хабар дода буд.

Раёсати ВКД дар пойтахт ҳадаф аз рейду санҷишҳоро ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ арзёбӣ карааст.

Пулиси Душанбе аз ронандагон бори дигар талаб кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.

Дар аксҳои нашрнамудаи мақомот дида мешавад, ки дар баробари  “Спринтер”-ҳои мусофиркашонӣ, таксиҳои маъруф ба “10 сомонӣ” низ ҳастанд.

Ошкору сабти садҳо  таксиии  ғайриқонунӣ дар ҳолест, ки дар Душанбе шикоятҳо аз сифати хидматрасонии мусофиркашонҳо борҳо садо додааст. Дар пойтахт  “Ҷура таксӣ”  ба мусофиркашонии расмӣ машғул аст ва  нигарониҳо аз хадамоти он ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *