Рӯзи Президент дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. Қадрдонии устодон ва ғолибони озмунҳо

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ як қатор устодону кормандон ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуда, ба ду омӯзгори рисолаи номзадӣ ҳимоякарда ҳар кадом 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Ҳамоиши мазкур 14 ноябр таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар» баргузор шуда, дар он собиқадорони хизмати давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд.

Тавре ки ба Pressa.tj  аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, собиқ раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ Маҳкам Маҳмудзода, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фаррух Абдуқодирзода ва собиқ ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоҳиён ҳузур доштанд.

Зимни ифтитоҳи конференсия ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода дар бораи аҳаммияти таърихии Рӯзи Президент ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини кишвар сухан гуфт.

Ӯ аз ҷумла ба рӯйдодҳои моҳи ноябри соли 1992 ишора карда, таъкид намуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ яке аз марҳилаҳои муҳими таърихи сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар идомаи ҳамоиш собиқ раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими асосҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии давлат» маъруза кард.

Ӯ дар бораи ҷойгоҳи ниҳоди президентӣ дар низоми давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ ва аҳаммияти риояи қонунгузорӣ дар таъмини суботи ҷомеа андешаҳои худро баён намуд.

Собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бошад, дар мавзуи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ» суханронӣ кард.

Номбурда ба вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият, зарурати барқарор намудани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва аҳаммияти сулҳу субот барои рушди минбаъдаи кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамчунин, прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Фаррух Абдуқодирзода ва собиқ ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоҳиён дар бораи аҳаммияти омӯзиши таърихи давлатдории навин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ сухан гуфтанд.

 Таъкид гардид, ки гиромидошти санаҳои таърихӣ набояд танҳо бо баргузории чорабиниҳои идона маҳдуд гардад, балки бояд ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти насли ҷавон мусоидат намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *