Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш пурра иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи ҷалби ҷавонон ба артиш рӯзи 15-уми ноябр, пеш аз муҳлат пурра иҷро шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, имсол нахустин шуда шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, баъдан шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд нақшаи тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба артишро иҷро кардаанд.

Қаблан Вазорати мудофиа аз иҷрои беш аз 97 дарсади нақша давоми як моҳи аввали ин маъара хабар дода буд.

Солҳои охир мақомот борҳо таъкид намудаанд, ки сафи ихтиёриён барои хизмат дар артиши кишвар афзоиш ёфтааст. Дар гузашта ҳолатҳои ҷалби иҷбории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ борҳо расонаӣ шудааст.

Маъракаи тирамоҳии даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳар сол аз 1-уми октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш ҷалб шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *