Дар Монте-Карло номи Тоҷикистон садо дод

Шоми 10-уми ноябри соли 2026 дар толори «Салле Гарниер» -и Театри операи Монте-Карло бахшида ба 80 – солагии композитори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ консерт баргузор шуд.

Тавре ба Pressa.tj хабар доданд, шоҳзодаи Монако Алберти II дар консерт ҳузур дошт ва борҳо ба ифтихори Толиб Шаҳидӣ аз ҷой хеста, кафкӯбӣ намуд.

Пайи ҳам садо додани номи Тоҷикистон аз минбар мавҷи кафкӯбиро дар толор ба по хезонд. Тамошобинони фаронсизабону англисзабон аз баргузории шоми мусиқии тоҷик дар толори Гарниер, тавре аз суҳбати телефонии писари соҳибҷашн Ҳофиз Шаҳидӣ бо Pressa.tj бармеояд, изҳори хушӣ ва миннатдорӣ намуданд.

Аз хабарҳои дар Фаронса зикршуда бармеояд, ташаббускори ин шоми мусиқӣ Бунёди шоҳзода Алберти II – и Монакоа аст. Дар саҳна Оркестри консертии филармонии шоҳии Лондон (Royal Philharmonic Concert Orchestra) таҳти роҳбарии Ҳобарт Эрл ҳунарнамоӣ кард. Сардирижёри оркестрро дирежери маъруфи амрикоӣ Эрл бар ӯҳда дошт.

Толори Гарниерро меъмори Операи порисӣ Шарл Гарниер тарҳрезӣ кардааст. Он маъруфтарин толорҳои ин кишвар ба ҳисоб меравад. Он соли 1879 бо ҳунарнамоии Сара Бернар ифтитоҳ шудааст.

Соли 2005, пас аз тармим толор ба муносибати ба тахт нишастани Алберти II аз нав боз шудаст. Барномаи консерти бо симфонияи «Садо» оғоз гардид.

Ин достони симфонӣ, ки нахустин бор соли 1984 иҷро шудааст, аз асарҳоест, ки ба Толиб Шаҳидӣ эътирофи байналмилалӣ овард. Сипас дар феҳрист «Авитсенна» ва «Нокомилии мероси ҷаҳонии мо», силсилаи сурудҳо барои сопрано ва оркестр, садо доданд. Бахши овозиро сарояндаи украинӣ Ксения Бахритдинова ба забонҳои фаронсавӣ ва ҷопонӣ иҷро кард.

Дар барнома «Рақси дарвешон» аз «Комде ва Мадан» бар пояи осори Мирзо Абдулқодири Бедил эҷод гаштааст, хотири тамошобинонро болида сохтанд. Ҳамчунин дар барномаи консерти се порча аз балети «Рубоиёти Хайём» – марш, адажио ва финал низ садо доданд. Консерт бо рагаи симфонии «Тоҷмаҳал» хотима ёфт. Толибхон Шаҳидӣ ин асарро ба ҳамсараш, нависанда Гулсифат Шаҳидӣ, бахшидааст.

Дар консерт Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фароса иштирок намуд.
Шоми Монте-Карло силсилаи барномаҳои ҷашнии имсолаи Шаҳидиро идома дод.

Рӯзи 13-уми март дар Толори калони Консерваторияи давлатии Маскав оркестри муттаҳидаи Театри Калон ва Театри Мариинский таҳти роҳбарии Валерий Гергиев осори ӯро иҷро кард. Рӯзи 21 май консерти ҷашнӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Рӯзи 30 май дар Ереван Оркестри давлатии симфонии Арманистон дар толори ба номи Арам Хачатурян, устоди Шаҳидӣ дар Консерваторияи Маскав, осори ӯро ба муносибати 80-солагиаш иҷро кард.

Интихоби асарҳо дар Монако паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Шаҳидиро нишон медод. Андешаи Хайём ба мусиқии балет роҳ ёфтааст, «Тоҷмаҳал» ба суннати мусиқии Ҳинд рӯ меорад ва дар силсилаи овозӣ шеърҳо бо ду забон дар иҷрои як оркестр садо доданд.

Барои шунавандаи Монте-Карло ин барнома фурсати шиносоӣ бо мусиқии муосири тоҷик буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *