Тоҷикистон боҷи воридотии сӯзишвориро бекор кард. Аризиши он поин меравад?
Дар пайи афзоиши нархи газу бензин ва сӯхти дизелӣ (солярка) дар кишвар, ҳукумати Тоҷикистон боҷи воридотии сӯзишвориро то охири соли 2026 бекор кард.
Қарори дар бораи бекор намудани боҷи воридотии нафту маҳсулоти нафтӣ таҳти №744 рӯзи 10-уми ноябр аз ҷониби Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, 13-уми ноябр дар «Ҷумҳурият» чоп шудааст.
“Нисбат ба молҳои таҳти рамзҳои молии 2710 ва 2711 таснифшаванда, ки аз давлатҳое ворид карда мешаванд, ки аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод намебошанд, меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ то 31 декабри соли 2026 татбиқ карда мешавад”,-омадааст дар қарори ҳукумат.
Русия ва Қазоқистон аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод ҳастанд ва воридот аз онҳо асосан бе пардохти боҷ сурат мегирифт. Аммо Туркманистон, Эрон ва Озарбойҷон аъзои ин шартнома нестанд.
Қаблан хабарҳо нашр шуда буд, ки Тоҷикистон барои бартараф кардани мушкили норасоии маводи сӯхт дар бозори дохилӣ аз Эрон 2 миллиону 550 ҳазор тонна маводи сӯхт, аз ҷумла, нафти хом, бензин ва сӯхти дизелӣ дархост кардааст, вале ин масъала ба куҷо расид, айни ҳол барои расонаҳо маълум нест.
Дар пайи нооромиҳо дар Ховари миёна нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ гарон шуд. Ҳамлаҳои артиши Украина ба корхонаҳои нафти Русия низ ба арзиши маҳсулоти нафтии ин кишвар таъсир гузошт.
Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон сӯзишвориро аз хориҷи кишвар меорад, тағйиротҳо дар бозори беруна ба нарх дар бозори дохилӣ таъсир гузошта, арзиши як литр бензин аз 15 ва гази моеъ дар баъзе ҷойҳо аз 7 сомонӣ ҳам гузаштааст.
Қарори нави ҳукумати Тоҷикистон то куҷо метавонад арзиши сӯзишвориро дар кишвар поин барад, феълан маълум нест.
Ба иттилои расмӣ, дар 6 моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 927,5 ҳазор тонна маҳсулоти сӯзишворӣ ворид шудааст. Русия ва Қазоқистон аз воридкунандагони асосии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ