7 роҳи пешгирӣ ва мубориза бо зуком

Бо фаро расидани фасли сармо бемориҳои зуком ва дигар сироятҳои роҳҳои нафас бештар паҳн мешаванд. Барои пешгирӣ аз сироят ва сабуктар гузаронидани беморӣ риояи чанд қоидаи одӣ муҳим аст. Инак, ҳафт тавсияи муфид барои ҳифзи саломатӣ.

1. Дастонатонро шӯед

Пеш аз истеъмоли хӯрок, баъди аз кӯча ё ҷойҳои ҷамъиятӣ ба хона баргаштан ҳатман дастонатонро шӯед. Обу собун микробу вирусҳоро аз пӯсти даст дур мекунанд. Дастонро на камтар аз 20 сония, махсусан байни ангуштонро, бо собун бишӯед. Сипас бо сачоқи коғазӣ ё дастмоли тоза хушк кунед.

2. Бе тавсияи табиб антибиотик нахӯред

Зуком бемории вирусӣ аст ва антибиотикҳо ба вирусҳо таъсир намерасонанд. Танҳо дар сурати пайдо шудани сирояти иловагии бактериявӣ табиб метавонад антибиотик таъин кунад. Худтабобаткунӣ метавонад боиси оқибатҳои ногувор, махсусан дар кӯдакон ва калонсолон гардад.

3. Аз сирпиёзу пиёз муъҷиза интизор нашавед

Сирпиёз ва пиёз маҳсулоти ғизоии муфиданд, аммо зукомро табобат намекунанд. Ба бинӣ гузоштани онҳо метавонад пардаҳои луобиро озор диҳад. Ҳамчунин, истифодаи худсаронаи малҳамҳои бинӣ роҳи боэътимоди пешгирии сироят нест. Барои сабук кардани дарди гулӯ метавон онро бо оби ширгарми намакдор чайқонд.

4. Ҳавои хонаро тоза кунед

Агар дар хона ё ҷойи кор шахси бемор бошад, ҳавои хонаро мунтазам иваз намоед. Дар як рӯз чанд маротиба тирезаҳоро кушода, ҳавои тозаро вориди хона кунед. Ин амал ба коҳиш ёфтани миқдори зарраҳои сироятӣ дар ҳаво мусоидат мекунад. Аз сард шудани аз ҳад зиёди хона худдорӣ намоед.

5. Аз хоб сер шавед

Норасоии хоб ба фаъолияти низоми масуният таъсири манфӣ мерасонад. Барои аксари калонсолон дар як шабонарӯз аз 7 то 9 соат хоб тавсия мешавад. Кӯшиш кунед, ки ҳар шаб дар вақти муайян бихобед ва реҷаи хоби худро риоя намоед.

6. Бештар сайругашт кунед

Барои сайругашт боғу хиёбонҳо ва ҷойҳои кушодро интихоб намоед. Гаштугузори ҳаррӯзаи 20–30-дақиқагӣ дар ҳавои тоза ба саломатии умумӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ фоида дорад. Ҳангоми беморӣ аз фаъолияти вазнини ҷисмонӣ худдорӣ карда, ба истироҳат аҳамият диҳед.

7. Ғизои солим истеъмол намоед

Дар фасли сармо аз парҳезҳои сахт ва маҳдудкунандаи ғизо худдорӣ кунед. Витамину иловаҳои ғизоӣ ҷойи хӯроки солимро гирифта наметавонанд. Ба ғизои ҳаррӯза гӯшт, моҳӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, кабудӣ, мева ва сабзавотро ворид намоед. Ғизои мутавозин барои фаъолияти муътадили масуният муҳим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *