“Бо табар таъқиб мекард”. Боздошти ду сокини Хоруғ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини шаҳри Хоруғ бо гумони авбошӣ хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, 8-уми ноябри соли ҷорӣ, Дилдорбек Дилдорбекови 28 сола ва  Фарид Нағзибеки 45 сола дар маҳаллаи «Хоруғи боло», аз ҳиссиёти авбошӣ ба Ҳофиз Қурбоншоев, Фирдавс Имомёрбеков ва Орзу Нуҳолов дарафтода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

“Зимни муноқиша Дилдорбеков Дилдорбек бо истифода аз зӯроварӣ ду нафарро мавриди лату кӯб қарор додааст. Ҳамзамон, Нағзибек Фарид бо табар бо мақсади расонидани зарари ҷисмонӣ иштирокчиёни муноқишаро таъқиб намудааст”,-гуфтааст манбаъ.

Назари гумонбарон ё наздиконашон ба хабари мақомот маълум нест.

Гуфта мешавад, нисбати Фарид Нағзибек ва Дилдорбек Дилдорбеков бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *