Меҳринигори Рустам аз сӯхтор дар манзилаш хабар дод
Меҳринигори Рустам, сарояндаи маъруфи тоҷик, бо нашри як навор дар саҳифаи “Instagram”-и худ аз сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматиаш дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ӯ мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса манзили вай ҳам дар бинои зисташон сӯхтааст ва сабаби сар задани сӯхторро намедонад .Аз мақомоти шаҳри Душанбе хостааст, ки нисбати ин масъала чораандешӣ кунанд.
Ба гуфтаи сароянда, вай дар шаҳри Дубай буда, ҳамсояҳояш ӯро аз ҳодиса огоҳ кардаанд.
«Ин қадар зиқ шудам, ки рӯи дилам сиёҳ аст, ростӣ. Намедонам сабабаш чист…Бинои мо дар ҳолати бад қарор дорад»,- гуфтааст Меҳринигори Рустам.
Дар бораи сабаб ва ҳаҷми зарари эҳтимолии сӯхтор ҷузъиёти бештар дастрас нест. Мақомоти дахлдор низ то ҳол ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ