Аз шаҳодатномаи ронандагӣ то мубориза бо терроризм. Мулоқоти Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Аморот
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 16-уми ноябр бо Шайх Сайф ибни Зоид Оли Наҳаён, вазири корҳои дохилии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намудаанд.
Ин мулоқот дар доираи Саммити панҷуми ҷаҳонии полис дар шаҳри Дубай доир гардида, миёни ҷонибҳо «Ёддошти тафоҳум дар бораи эътирофи мутақобила ва табодули шаҳодатномаҳои ронандагӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Амороти Муттаҳидаи Араб» ба имзо расидааст.
“Таъкид гардид, ки санади мазкур ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои байниидоравӣ ва содагардонии расмиёти эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои ронандагии шаҳрвандони ҳар ду давлат мусоидат менамояд”,-гуфтааст Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои ВКД, зимни мулоқот, рушди ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар самти таъмини амният, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Рӯзи 16-уми ноябри соли 2026 дар Маркази ҷаҳонии савдои Дубай (Dubai World Trade Centre) Саммити панҷуми ҷаҳонии полис расман ба кори худ оғоз бахшида, дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи амният аз 110 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ