Дар шаҳри Левакант ба ятимон кӯмак расониданд
Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба ятимону ниёзмандон кӯмак расонидаанд.
Кӯмакҳо аз таҷҳизоти гармидиҳанда, орду равғану биринҷ ва шакар иборат буда, рӯзи 17-уми ноябр дастрасӣ ятимон намудаанд.
Масъулини Мақомоти маҳаллии Левакант ин дастгирии иҷтимоии ниёзмандонро дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

“Шумо ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар, махсусан Роҳбарияти олии кишвар ҳастед. Мо пайваста дар паҳлуи Шумо ҳастем ва кӯмак мекунем”,-гуфтааст Мастура Муминзода, шаҳрдори Левакант.
Гуфта мешавад, кӯмак расонидан ба ниёзмандону ятимон, ки ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз рост омад, дар баланд бардоштани рӯҳияи кӯдакону наврасон таъсири мусбат хоҳад расонид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ