Шаҳзодаи Самарқандӣ мехоҳад адабиёти тоҷикро дар Ғарб бештар муаррифӣ кунад
Шаҳзодаи Самарқандӣ, нависанда ва тарҷумони тоҷик, тарҷумаи англисии «Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардиро ба анҷом расонида, онро дар ду шакл — электронӣ ва чопӣ дастраси хонандагон кардааст. Ин дуюмин китоб аз силсилаи «Муаррифии адабиёти тоҷик дар Ғарб» аст. Қаблан романи «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр бо номи «King of Kings» ба англисӣ тарҷума шуда буд. Ҳоло Шаҳзодаи Самарқандӣ рӯйи тарҷумаи «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ кор мекунад. Дар суҳбат ом о ӯ аз ангезаи ин иқдом, таваҷҷуҳи донишгоҳҳои Ғарб ба адабиёти тоҷик, мушкилоти тарҷума ва орзуи роҳ ёфтани осори тоҷикӣ ба бозори ҷаҳонӣ гуфт.
– Дуюмин китоб аз силсилаи тарҷумаҳои адабиёти тоҷик ба забони англисӣ ба қалами Шумо ба нашр расид. Муборак бошад! Аслан чаро чунин тасмим гирифтед?
– Мамнун аз лутф ва таваҷҷуҳи шумо. Моҷаро аз сафари ман ба Амрико шурӯъ шуд, вақте меҳмони суханрон дар донишгоҳҳои муътабари Амрико ва пас аз он, дар тӯли ду соли гузашта, ба донишгоҳҳои Англия даъват шудам. Дар ин донишгоҳҳо ба забонҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аҳаммияти вижа медиҳанд ва адабиёти онҳоро низ омӯзиш медиҳанд. Дар суҳбатҳо бо устодон ва аз пурсишҳои донишҷӯён ба ин натиҷа расидам, ки маводи кофӣ аз адабиёти тоҷик дар даст надоранд. Аз ин сабаб тасмим гирифтам, то ҳадди имкон, намунаҳои хуби адабиёти тоҷикро тарҷума кунам. Ҳарчанд тарҷума тахассуси ман нест. Аммо чун мо ҳанӯз мутарҷимони чирадаст кам дорем, худам даст ба кор шудам. Тоза шурӯи кор аст ва мо ҳанӯз бояд сахткӯшона кор кунем, то адабиёти худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем.
– Шумо навиштаед, ки таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва ҷавонони Ғарб ба адабиёти Осиёи Марказӣ, бахусус адабиёти тоҷик, бештар шудааст. Инро дар чӣ мушоҳида мекунед?
– Таваҷҷуҳи аслӣ дар донишгоҳҳои Ғарб аст, ки забони форсии тоҷикиро вориди барномаҳои омӯзишии худ кардаанд. Онҳо ниёз ба маводи дасти аввал доранд, то ба донишҷӯён шароит фароҳам кунанд, ки ин забонро бо тарҷумаи англисии он муқоиса кунанд. Мухотаби аслии адабиёти тоҷик ҳамчунон дар донишгоҳҳост. Мо дар ин 34 соли истиқлол талоши хосе накардаем, ки адабиёти худро ба забони англисӣ муаррифӣ кунем. Умеди ман барои анҷоми ин кор ба насли ҷадиде аст, ки солҳост дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон забони англисӣ меомӯзанд ва дар оянда мумкин аст, ин корро бар уҳда бигиранд.
– Нахустин намунае, ки тарҷума ва муаррифӣ кардед, романи «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр бо номи «King of Kings» аст. Чаро барои оғози ин роҳ маҳз Баҳманёр ва маҳз «Шоҳаншоҳ»-ро интихоб кардед? Кадом хусусияти ин асар метавонад барои хонандаи англисзабон ҷолиб бошад?
– «Шоҳаншоҳ»-и шодравон Баҳманёр аз ҳамон аввал диққати маро ҷалб карда буд. Шояд ҳам дар навишта шудани он далел шуда бошам. Шояд. Чун вақте бо ҳамсарам Меҳдии Ҷомӣ ба Душанбе рафта будем, бо Баҳманёр дар чойхонаи «Роҳат» нишастем. Ҳоло бубинед, ки на чойхонаи «Роҳат» асту на Баҳманёри азизи мо.
Он ҷо суҳбате доштем, ки ҳатто метавонам бигӯям, дар халқи ин шоҳкори адабиёти тоҷик нақш дошт. Достони ду хоҳар, Сито ва Гито, дар бахшҳое достони ману хоҳарам Моҳзода аст, ки аз ман хоҳиш кард дар ин сафар ба Баҳманёр бирасонам, ки танҳо китоби тоҷикие, ки бо худ аз Самарқанд ба Олмон бурд, «Сармаддеҳ»-и ӯст ва онро гаштаву баргашта мехонад.
Ин пайғоми хоҳарамро ба Баҳманёр расондам ва он ки ӯ мехост бидонад, оё ба Сармаддеҳ технологияи ҷадид, яхдону телевизион ворид мешавад? Вокуниши мардуми Сармаддеҳ ба инҳо чӣ хоҳад буд?
Баҳманёр он вақт китоби «Сармаддеҳ»-ро дубора ба номи хоҳарам Моҳзода имзо кард ва гуфт:
«Ман дафтари Сармаддеҳро бастаам ва мехоҳам кори ҷадид кунам. Ҳоло дар дунёи дигаре ҳастам. Дунёи дур аз мо, ки ба бунбаст хӯрдаам».
Ман гуфтам: «Ин дунёи дурро мо бояд раҳо кунем ва ба дунёи ҷадид бирасем».
Дар ҷавоб гуфт: «Чӣ ҷолиб: Моҳзода ва Шоҳзода».
Дигар ҳеҷ нагуфт.
Мо бо Баҳманёр дӯстӣ доштем ва бо ҳам дар иртиботи имейлӣ будем. Вақте «Шоҳаншоҳ» ба чоп расид, ман онро қабл аз чоп хонда будам. Ҳатто худи Баҳманёр намедонист, ки ин китоб дар чӣ сабк аст. Аз намунаҳои он суҳбат мекард, дар гуфтугӯҳояш бо расонаҳо ва дӯстон мегуфт, ки чунин сабк дар адабиёти тоҷик намуна надорад ва аввалин аст. Ва рост мегуфт, аммо намедонист, ки ин сабк фародостон аст ва ин аввалин роман дар сабки фародостон дар адабиёти тоҷик аст.
«Шоҳаншоҳ» дар сабки метафикшн ё ба форсӣ, фародостон навишта шудааст ва чунин сабк дар адабиёти мо намуна надошт ва дуруст аз ҷониби хонандаи тоҷик истиқбол нашуд. Ҳадди ақал мисли «Сармаддеҳ» тарафдор пайдо накард.
Аммо ман, ки ба сабки метафикшн алоқа дорам ва онро дар корҳои худ низ истифода кардаам, ин китобро дӯст доштам ва дар муаррифии илмӣ ва адабии он мекӯшам. Чандин мақола навиштам ва эҳсос кардам, ки ҳоло, ки ин қадар вориди достонҳои «Шоҳаншоҳ» шудаам, ин асари ноби тоҷикро дастраси хонандаи англисзабон кунам.
Бо он иртибот барқарор хоҳанд кард, чун ҳам аз фарҳанги қадими мо мегӯяд ва ҳам аз даврони имрӯзи тоҷикон. Дар натиҷа, нақши муҳимми ин китобро дар адабиёти тоҷик ба унвони адабиётшинос ва нависанда агар ман надонам, пас дигар кӣ бидонад?
Дар Ғарб чунин намунаҳо бисёранд ва интихоби ман аз ин будааст, ки бигӯям, мо низ ақиб нестем ва бо ин жанрҳои ноби адабӣ намунаҳои хубе ҳам тавлид кардаем. Намунаҳое, ки аз достонҳои Шаҳрзод ва «Ҳазору як шаб» сарчашма мегиранд. Ва Баҳманёр ин корро ба хубӣ анҷом додааст.

– Хонанда китоби Баҳманёрро чӣ тавр қабул кард?
– Хонандагони тарҷумаи англисии адабиёти тоҷик ҳамчунон донишҷӯёни адабиёти ҷаҳон ва мутарҷимони ҷавон ҳастанд, ки бо дастури устодони худ суроғи адабиёти мо меоянд.
«Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёрро ҳамчун маводи дарсӣ дар канори тарҷумаи «Замини модарон» бо тарҷумаи Шеллӣ Вега ва пораҳое аз «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ бо тарҷумаи Ҷон Перрӣ (John R. Perry, The Sands of Oxus, 1998) истифода мекунанд.
Дар дохили дарсҳои онҳо чӣ мегузарад, барои ман пӯшида аст. Аммо истиқбол аз ҷаҳони нав ва барои донишҷӯён тоза ҳамеша хушоянд аст. Устодони адабиёт ва донишҷӯёни адабиёт дар Ғарб ҳанӯз моро кашф мекунанд ва дар баёни назар хештандор ва муҳофизакор ҳастанд. Аммо ҳамеша аз намунаҳои бештари тарҷумаи адабиёти мо истиқбол мекунанд, то диди беҳтаре дошта бошанд. Мо бояд аз ин корҳои тарҷума бештар анҷом диҳем, то дасти ин алоқамандон пур бошад.
– Шумо ин корро як тарҳи дарозмуддат номида, ҳатто гуфтаед, ки мехоҳед онро дар баробари фаъолияти эҷодии худ то охири умр идома диҳед. Меъёри интихоби нависанда ва асар барои тарҷума чӣ хоҳад буд? Шуҳрати адиб дар Тоҷикистон, арзиши адабии асар ё чизи дигар?
– То ин ҷо бар асоси ташхиси худам пеш рафтаам. Он адабиётеро интихоб кардаам, ки фикр мекунам барои насли ҷавони ғарбӣ ҷолиб ва омӯзанда аст. Аз ҷаҳони тоҷикии мо мегӯяд ва бо сабки хосси худ.
Дар ҳоли ҳозир зуд аст бигӯям, ки назари онҳо чӣ ҳаст. Аммо то ҳол нақди манфие дарёфт накардаам ва танҳо ташаккуру қадрдонӣ будааст, он ҳам аз ҷониби устодони донишгоҳ, ки забони тоҷикиро ба англисзабонҳо омӯзиш медиҳанд.
Барои ман шуҳрати дохилии нависанда он қадар ҳам авлавият надорад. Муҳим ин аст, ки кор хубу мондагор бошад ва умри чандин даҳсола дошта бошад. Адабиёти саргармкунанда ва кӯтоҳумр дар мадди назари ман нест. Ҳарчанд хонандаи тоҷик ин гуна адабиётро меписандад. Аммо китобхони ғарбӣ меъёри дигаре барои интихоби китоб дорад.
Ҳунарҳои асил ва адабиёти нобро ҳамеша интихоб мекунам, ки ҳамеша ва дар ҳар замон хонанда дошта бошанд. То ҳол муваффақ шудаам, ки ду намуна аз адабиёти тоҷикро ба забони англисӣ тарҷума кунам: «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр ва «Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ.
Дар даст «Марги судхӯр»-и Садриддин Айниро дорам ва дар дил корҳои Муҳаммадзамони Солеҳ ва Фазлиддини Муҳаммадиевро. Ором-ором, ба мурури замон, боз корҳои дигарро низ анҷом хоҳам дод, агар умру замон боқӣ бошад.
– Адабиёти муосири тоҷик хеле кам ба забони англисӣ тарҷума шудааст. Ба назари шумо, мушкили асосӣ дар куҷост? Камбуди мутарҷимони ҳирфаӣ, набудани робита бо ноширони хориҷӣ, масъалаи маблағгузорӣ ё набудани асарҳои бозоргир?
– Шумо тасаввур кунед, ки мо дар сӣ солу анде, ки аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мегузарад, ҳамасола ба насли ҷавон забонҳои хориҷӣ омӯзиш медиҳем, аммо инҳо куҷо мераванд? Ба чӣ коре машғуланд? Тарҷумаи адабиёти ҷаҳон ё адабиёти худамонро ба дигар забонҳо дар авлавият қарор намедиҳанд. Ё медиҳанду мо бехабарем. Бештар ба шуғлҳои рӯзмарра машғул ҳастанд ва кори тарҷумаи адабиётро ҷиддӣ намегиранд.
Пас аз тарҷумаи дуюмин китоб як нафар аз мутарҷимони ҷавон бо ман тамос гирифт ва маро шод кард, ки даст ба кори тарҷумаи адабиёти тоҷик ба забони англисӣ задааст ва ҳамин тавр афсонаҳои англисиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ин гуна хабарҳо маро шод мекунанд.
Аммо мо бояд садҳо мутарҷим дошта бошем ва даҳҳо тарҷумаи мухталиф аз «Шоҳаншоҳ» ё «Марги судхӯр». Аммо надорем. То ҳол надорем. Дар оянда умед аст, ки ба вуҷуд хоҳанд омад.
Мо чора надорем ва лоҷарам бояд рушд кунем ва миллат созем. Миллатсозӣ бахши аъзамаш муаррифии адабиёт ва ҳунару фарҳанги мост. Умед ба насли оянда дорам, ки ин корро, насиб бошад, беҳтар аз ман анҷом хоҳанд дод.
Баҳси сармоягузорӣ ва ҳимояти молӣ сари ҷойи худ, аммо пеш аз ҳама мутарҷими чирадаст бояд тарбият кунем ва аз онҳо бедареғ ҳимоят кунем.
– Тарҷумаи адабӣ кори бисёр душвор аст. Махсусан, ду асаре, ки шумо тарҷума кардед, унсурҳои хоси фарҳангӣ, мақолу зарбулмасал, лаҳҷа, шеваи гуфтор ва дигар хусусиятҳои хос доранд, ки кори тарҷумаро дучанд душвор мекунанд. Ин душвориҳоро чӣ гуна пушти сар кардед?
– Дуруст аст. Тамоми ин мавридҳоеро, ки зикр кардед, бидуни поварақӣ намешуд тарҷума кард.
Аввал ба забони расо ва шевои англисӣ тарҷума мекунед ва мебинед, маъноҳои нуҳуфтаи он аз қалам афтодаанд. Он вақт поварақӣ мегузоред ва тавзеҳ медиҳед, ки манзур ин ва ё он ҳам ҳаст, ки дар форсии тоҷикӣ ин вожаҳо чанд маъно доранд.
Бидуни поварақӣ намешавад адабиётро тарҷума кард ва поварақиҳои бисёре гузоштаам ва тамоми ҷавониби маъноии калима ё ибора, ё зарбулмасал, ё киноя ва истиораҳоро то ҷое, ки мешуд, тавзеҳ додаам.
Ин амал раванди корро бешак кунд ва душвор мекунад, аммо бидуни он ҳам намешавад асли каломро расонд. Ба ҳар ҳол, дар тарҷума намешавад асли асарро баргардон кард. Ҳар забон маҳдудият ё тавоноиҳои худро дорад.
Барои мисол, ман ҳеҷ гоҳ ҷуръат нахоҳам кард, то «Сармаддеҳ»-ро тарҷума кунам. Ин кор бисёр дандоншикан ва дур аз тавони ман аст.

– Асарҳои худи шуморо қаблан дигарон ба англисӣ тарҷума кардаанд. Инак, худатон ба кори тарҷума даст задед. Аз тарҷумаҳои дигарон ва тарҷумаҳои худатон чӣ бардоште доред?
– Забони англисӣ забони модарии ман нест. Ҳарчанд ки бикӯшам, наметавонам онро дар ҳадди забони модарӣ ламс кунам. Аз сӯйи дигар, мебинам, ки агар ман даст ба ин кор назанам, дигар шояд боз солҳои сол бояд мунтазир бимонем.
Дар ин бисту як соли гузашта ман будаму омӯхтану аз худ кардани забони англисӣ ва ҳолландӣ. Адои дайн мекунам, то аз адабиёти форсии тоҷикӣ, ки маро мисли модар шир додааст, қадрдонӣ кунам.
Ҳарчанд китобҳои худамро тарҷеҳ медиҳам мутарҷими англисзабон ё русзабон тарҷума кунад ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунам. Сари ҳар ибора ва калима бо ҳам машварат мекунем. Чун ҳам англисӣ балад ҳастам ва ҳам русӣ.
Ман аз ин ҷост, ки китобҳои нависандагонеро интихоб мекунам, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва бо дарку фаҳми худам онҳоро ба забони англисӣ тарҷума мекунам.
Боре ҳам ба забони англисӣ китоб навиштам: «Бозгашт ба Бухоро» (Back to Bukhara). Хуб ҳам истиқбол шуд, аммо лаззате, ки бо навиштан ба забони форсӣ дорам, аз он набурдам ва дигар ин корро шояд накунам. Намедонам. Навиштан ба форсӣ бароям лаззат дорад ва ман бар сари ҳар вожа тасаллут дорам. Забони англисиро, мутаассифона, дар ҳадди забони модарӣ балад нестам.
Мунтазирам мутарҷимони чирадасте даст ба кор шаванд ва ман кори тарҷумаро канор хоҳам гузошт ва барои навиштани китобҳои ҷадиди худ замони бештаре хоҳам дошт.
Тарҷумаи намунаҳои адабиёти тоҷик барои ман адо кардани вазифаи фарзандӣ аст дар баробари Модар-Ватан. Агар афроде ба майдон биёянд, ки ин корро аз ман беҳтар анҷом диҳанд, ман хушҳол хоҳам шуд.
– Барои он ки тарҷума ба дасти хонанда бирасад, тарҷума кофӣ нест. Нашр ва таблиғ ҳам муҳим аст. Оё шумо ин ҷиҳатро ҳам фикр кардаед? Яъне тарҷумаҳои шумо бо кадом роҳҳо ба дасти хонандагони англисзабон мерасанд?
– Комилан дуруст мегӯед. Бояд ҳар ҳунаре таблиғ шавад, то ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбад. Ман ин роҳро балад нестам.
Танҳо иртиботи ман донишгоҳҳое ҳастанд, ки ба забони форсии тоҷикӣ арзиш қоиланд ва онро дарс медиҳанд. Онҳо як ё ду нусха мехаранд ва ба донишҷӯён медиҳанд, ки бихонанд.
Адабиёти тоҷик бояд аз дохил арзишгузорӣ шавад ва ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбад, ки ин корро кишварҳои Осиёи Миёна ҳанӯз шурӯъ накардаанд.
Ба далели ҷанги Русия ва Украина таваҷҷуҳ ба забонҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ афзоиш пайдо кардааст, ки ҳам далели сиёсӣ дорад ва ҳам далели омӯзишӣ ва густариши барномаҳои донишгоҳҳо дар Ғарб.
Коре, ки як нафар метавонад анҷом диҳад, дар ҳоли ҳозир ҳамин аст, ки намунаҳоро тарҷума ва муаррифӣ кунад.
Ба ҳар ҳол, исми ман барои чанд ношир ва чандин донишгоҳи ғарбӣ ошност ва интихоби ман барояшон аҳаммият дорад.
Ман намеравам адабиётеро интихоб кунам, ки қурбон-садқаи хушку холӣ бошад ё сатҳӣ. Ман дунболи муаррифии адабиёти ноб ва асил ҳастам. Чунин адабиёт кам дорем, аммо намешавад гуфт, ки надорем.
Сарчин кардан ва содиқ ба адабиёт мондан усули кори ман аст. Ман дар мадди назар дорам, ки вақте мутарҷимони ҷавони тоҷик даст ба кор мешаванд, ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд.
– Феълан рӯйи тарҷумаи асари устод Айнӣ кор мекунед. Чӣ интизорӣ доред? Оё ин романи устод Айнӣ ба завқи хонандаи англисзабон созгор аст?
– Дар тамоми муоширатҳое, ки бо донишгоҳҳо доштам, ҳама аз Садриддин Айнӣ ном бурданд ва ӯро мешинохтанд ва мехостанд аз ӯ бештар бихонанд. Феълан, чун меъёри кори ман тақвияти барномаҳои омӯзишии донишгоҳҳои ғарбӣ аст, тасмим гирифтам аз ин нависандаи маҳбубашон намунае тарҷума кунам.
«Марги судхӯр» асари бисёр гиро ва таърихӣ ва ҳам асил аст. Аз он асарҳоест, ки мондагор аст ва дар ҳама замон мухотаби худро дорад.
Ба ҳар ҳол, Садриддин Айнӣ чанори азиме дар адабиёти форсии тоҷикӣ аст, ки агар аз ӯ намунае тарҷума намекардам, корам ноқис буд ё хобам парешон. Аз ин интихобҳои ман умед дорам, ки ба дасти мухотабаш хоҳанд расид ва алоқа ба адабиёти тоҷик дар Ғарб афзоиш хоҳад ёфт. Дар фазои дастрас ба англисзабонҳо танҳо «Мактаби кӯҳна»-и Садриддин Айнӣ пайдо мешавад, ки маълум нест кӣ ва дар куҷо тарҷума ва мунташир кардааст. Дар натиҷа, мо бояд ҳамаи китобҳои устод Айниро ба англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ тарҷума ва бозтарҷума кунем, ки беҳтар шинохта шавад.
Чун кори тарҷума ҳанӯз даромади молии чандон надорад ва кори довталабона ва хайрия аст, дар натиҷа кори роҳандозии сомона ва таблиғи он барои ман ба таъвиқ афтодааст.
Ман ҳамаи ин корро бо харҷи шахсии худ анҷом медиҳам ва ҳанӯз ҳеҷ ҳомии молӣ надорам. Умед дорам рӯзе сармоягузорони тоҷик, ки ирқи миллӣ доранд, ба суроғи ман биёянд ва ин корро гурӯҳӣ анҷом диҳем. Ман ба рӯйи ҳамаи пешниҳодҳо боз ҳастам. Феълан даст танҳо ва ба таври хусусӣ анҷом медиҳам.
Умед дорам рӯзе мерасад, ки ин заҳматҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд ва адабиёти мо ба бозори ҷаҳонӣ роҳ пайдо хоҳад кард.
«Аз карнайчӣ як пуф» гуфтаанд. То нафас ҳаст, хоҳам дамид ва ҳавола ба насли оянда хоҳам кард, бо тамоми умед ва интизоре, ки аз онҳо дорам. Ман ҳам мисли бисёре аз мардуми рӯйи замин аз Даҷлаи адабиёт бисёр нон хӯрдаам. Ҳоло навбати ман аст, ки ба Даҷла нон андозам, то ба дасти ниёзманд бирасад.
Барои насли ҷадиде, ки ривояти нон ба Даҷла андохтанро намедонанд, поварақӣ бигузоред, то манзури маро дуруст мутаваҷҷеҳ шаванд.
– Ташаккур, ки ба суолҳои банда посух додед.
– Мамнун аз таваҷҷуҳ ва ин фурсате, ки дар ихтиёри ман қарор додед.
Мусоҳиб Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ