Дар ноҳияи Рӯдакӣ модаре сегоник ба дунё овард
Дар таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, Меҳрона Аҳмадова, модаре аз деҳаи Чорсуи ин ноҳия сегоник ба дунё овардааст.
“Насими Айём”, нашрияи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ додааст, ки модар соҳиби ду духтару як писар шуда, баъди нигоҳубину муолиҷаи зарурӣ бо вазъи хуби саломатӣ ба хона ҷавоб дода шуданд.
“Таваллуди сегоникро момодоя Яъқубова Фирӯза Акрамовна қабул намуда, дар ин лаҳзаи муҳим бо масъулияту маҳорати касбӣ саҳм гузоштааст. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки оилаи мазкур минбаъд низ таҳти таваҷҷуҳу назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, барои дастгирии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ ба модару кӯдакон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд”,-гуфтааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби намояндагони мақомоти ноҳия ба ҳар се навзод шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардидааст. Ҷузъиёти бештар дода нашудааст.
Дар Тоҷикистон таваллуди бештар аз сегоник ҳам борҳо расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, 30-юми декабри соли 2020, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда он шабу рӯз дар сархати расонаҳо қарор дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ