Иқдоми нави милитсияи Хатлон барои пешгирии фоҷиаҳои хонаводагӣ

Дар вилояти Хатлон тайи 10 моҳи соли ҷорӣ дар пайи муноқишаҳои оилавӣ 153 ҷиноят содир шудааст.

 Ин нукта зимни як ҷаласаи Раёсати ВКД дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои хусусияти ахлоқидошта, садо додааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар Хатлон, дар ин ҷаласа таъкид шудааст, ки дар 10 моҳи соли равон, дар ҳудуди вилоят 9 ҳолати одамкушӣ бо бераҳмии махсус дар муҳити хонаводагӣ сабт шудааст, ки чунин вазъ боиси нигаронист.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба таҳлили содиршавии ҷиноятҳо дар хонаводаҳо гуфтааст, пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб набояд танҳо бо баррасии ҳодисаҳои рухдода маҳдуд гардад.

Вай зарур донистааст, ки милитсия дар ҳамкорӣ бо ҷомеа аз марҳилаи пайдоиши ихтилофҳо ба масъала ворид шуда, бо истифода аз усулҳои муассир барои бартараф намудани сабабу омилҳои ба ҷиноят мусоидаткунанда тадбирҳои мушаххас андешанд.

“Бо ин мақсад супориш дода шуд, ки аз имрӯз иборатан, дар назди ҳамаи шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои кории махсус таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо ба омӯзиши вазъи оилаҳои осебпазир, муайян намудани ҳолатҳои муноқишаҳои давомдор, гузаронидани суҳбатҳои инфиродӣ ва андешидани чораҳои саривақтии пешгирикунанда равона карда шавад”,-гуфтааст манбаъ.

Муноқишаҳои хонаводагӣ аз масъалаҳоеанд, ки дар пайи онҳо ҷиноятҳои гуногун сар зада, борҳо нигарониҳоеро дар ҷомеа ба миён овардаанд.

Ба иттилои расмӣ, cоли 2025 ба Кумитаи кор бо занон ва оила аз ҷониби занон 3 ҳазору 609 шикоят оид ба хушунат ворид шудааст, ки ин  нишондиҳанда нисбат ба як соли пеш  367 ҳолат бештар будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *