Сустии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон: айби телефони муштариён ё ширкатҳо?

Мақомоти соҳаи алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки суст ё қатъ шудани сигнали алоқаи мобилӣ на ҳамеша ба фаъолияти шабакаҳои операторон вобаста буда, дар баъзе ҳолатҳо сабаби он метавонад носозии худи телефони муштарӣ бошад.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо нашри иттилоияе гуфтааст, афтидани телефон, зарбаи сахт ё ворид шудани намӣ метавонад ба антеннаи дохилӣ, модули радиоӣ ва дигар ҷузъҳои техникии дастгоҳ осеб расонад. Дар натиҷа, сигнал ё мавҷи алоқаи мобилӣ суст шуда, гоҳ-гоҳ қатъ мегардад ва ё телефон шабакаи мобилиро умуман пайдо намекунад.

Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки агар дар як маҳал телефонҳои дигар сигнал дошта бошанд, вале аз онҳо не, дастгоҳро санҷанд  ва барои ташхис ба мутахассиси техникӣ муроҷиат намоянд.

Воқеан, носозии телефон метавонад яке аз омилҳои сустии алоқаи мобилӣ бошад. Аммо дақиқ нест то куҷо ин омил дар шароити Тоҷикистон ба мушкили мавҷудаи соҳаи алоқа рабт дорад?

Дар иттилоияи Хадамоти алоқа гуфта нашудааст, чанд дарсади ҳолатҳои суст ё қатъ шудани алоқаи мобилӣ дар кишвар воқеан ба носозии телефонҳои муштариён вобаста аст.

Дар баробари мушкили таҷҳизот ё телефони муштариён, масъалаи паст будани сифати алоқаи мобилӣ ва интернет  борҳо сарбории аз ҳад зиёд ва норасоии пойгоҳҳои базавӣ, камбуди неруи барқ ва мавқеи ҷуғрофии кишвар гуфта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки солҳост сифати пасти интерненет ва алоқаи мобилӣ боиси нигаронии сокинон шудааст.

Акс аз ҳушвора

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *