Ҳунарманде, ки бо нақшҳояш дар дилҳо мондааст (видео)
Аз саҳнаи Театри давлатии ҷавонон то пардаҳои синамо ва минбари омӯзгорӣ – роҳи эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов беш аз панҷ даҳсоларо дар бар мегирад. Имрӯз ин ҳунарманди шинохтаи тоҷик 80-сола мешавад.
Ӯ 26 ноябри соли 1946 ба дунё омада, пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав, соли 1971 фаъолияти касбии худро дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз кардааст.
Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ дар саҳнаи театр беш аз 60 нақши гуногун офаридааст. Аз Дон Жуан ва Балъамӣ то Туғрал ва Гӯрғулӣ – ҳар нақши ӯ таҷассумгари истеъдод, маҳорати баланд ва садоқат ба ҳунар аст.
Тағоймурод Розиқов дар синамои тоҷик низ саҳми арзанда гузошта, дар филмҳои «Шикори охирин», «Доми шағолон», «Парвози занбӯр», «Сукут», «Гирдоб», «Шамсиддин Шоҳин» ва даҳҳо филми дигар нақшҳои хотирмон офаридааст.
Ҳамзамон, ҳамчун омӯзгор ва профессор дар тарбияи насли нави ҳунармандони тоҷик саҳм гузоштааст.
Барои хизматҳои шоёнаш соли 1998 ба унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ