Шоире, ки шеъраш ба даҳҳо забон тарҷума шудааст (видео)

Имрӯз, 15 октябр Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ 75-сола шуд. Ӯ  соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи милллии Тоҷикистон буда, солҳои зиёд дар матбуот ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Нахустин шеърҳояш ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ ба табъ расидаанд. Соли 1977 аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Барги сабз» нашр шуд. Баъдан китобҳои маъруфи ӯ – «Ситораи рӯз», «Лолаи оташ», «Сарнавишт», «Меҳроб», «Ҳафтранг», «Садои хомӯшӣ», «Ситораборон», «Чилчароғ», «Ширмаҳтоб» ва чандин маҷмӯаи дигар дастраси хонандагон гардиданд.

Шеъри Раҳмат Назрӣ бо лирикаи нозук, андешаҳои фалсафӣ, тасвирҳои тоза ва эҳсоси баланди инсонӣ шинохта мешавад. Осори ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар низ нашр ва ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, туркӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудааст.

Барои силсилаи дубайтиҳои «Хирмани моҳ» соли 2000 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ гардид.

Ба бисёр шеърҳои Раҳмат Назрӣ оҳанг баста шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *