Резаахбор

Ду варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар яке аз мусобиқаҳои маъруфи намуди муҳорибаҳои омехта дар шаҳри Абу Забинабард хоҳанд кард. Наимов дар вазни нимсабук (то 66 кг) бо размикори бритониёиНатаниэл Вуд ва Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC 294 бо размикори доғистониСаид Нурмагомедов қувваозмоимекунанд.

***

Пас аз анҷоми қисми якуми бозии байни дастаҳои мунтахаби футболи Белжик ва Суид дар берун аз варзишгоҳи шоҳ Бодуэнаи шаҳри Брюссел ду мухлиси дастаи Суид аз тарафи як паноҳандаи тунисипаронда шуданд. Худи муҳоҷим низ рўзи дигар безарар гардонда шуд. Бозии дастаҳо дар доираи вохўриҳои интихобии Евро-2024 қатъ ва ба вақти дигар гузошта шуд. То ин дам ҳисоб 1:1 буд.

***

Дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар даври сеюми гуруҳи «Б»-и Чемпионати Тоҷикистон-2023 дар майдони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 0:1 шикаст хўрд. Баъди ин бохт «Хатлон» Лигаи олиро тарк мекунад ва соли оянда дар Лигаи якум бозихоҳад кард. Ин аввалин бор аст, ки ин даста дар Лигаи олиноком мешавад.

***

Дастаи футболи «Саразм»-и Панҷакент баъд аз пирўзибар дастаи «Металлург» пеш аз муҳлат ғолиби Лигаи дуюми футболи Тоҷикистон гардид. Датсахои «Румон», Мастчоҳ», Суғдиён» ва «Спитамен» барои ҷойи дуюм дар ин лига мубориза мбаранд. Дастаҳои «Металлург» ва «Ашт» дар зинаҳои охири ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *