Қаноти Дӯстумро Толибон шикастанд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд, ки писари раҳбари барҷастаи низомии Афғонистон маршал Дӯстум ба дасти ҷангҷӯён асир гирифта шудааст.

Тавре Sputnik Афғонистон гузориш медиҳад, ки чунин маълумотро аккаунтҳои тарафдори Толибон(дар Тоҷикистон мамнӯъ) паҳн мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ӯ ҳамроҳ бо дигар сарбозон дар фурудгоҳи Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон таслим шудааст.

Аммо расонаҳои расмӣ ва ниҳодҳо ин маълумотро тасдиқ намекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Дӯстуми хурдӣ ҳоло ҳам дар ҷойҳои дигари ин вилоят бо Толибон меҷангад.

Ёдовар мешавем, ки маршал Дӯстум чанде пеш аз Туркия баргашт. Аз он вақт инҷониб Толибон  хонаи ӯро оташ задаанд.

Худи Дӯстум рӯзи чоршанбеи гузашта гуфта буд, ки Толибон  дар шимоли кишвар шикаст хоҳанд хӯрд. Фармондеҳи афғон ишора кард, ки сокинони шимоли Афғонистон бар зидди ҷангҷӯён қиём хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *