Қарорҳои ҷадиди Доналд Трамп

Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ бори дуюм дар мақоми раисҷумҳури Амрико савганд ёд кард. Ин намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҷойгузини Ҷо Байден, президент аз Ҳизби демократ шуд.

Байден, ки дар интихоботи соли 2020 Доналд Трампро мағлуб карда буд, дар нимаи интихоботи соли 2024 аз корзор берун рафт ва навбатро ба муовинаш Камала Ҳаррис дод. Трамп бар рақибаш ғолиб омад ва ба мақоми президенти Амрико баргашт.

Трамп пас аз савгандёдкунӣ дар суханроние гуфт, ки “даврони тиллоии Иёлоти Муттаҳида аз имрӯз оғоз мешавад. Аз имрӯз кишвари мо шукуфо хоҳад шуд ва мавриди эҳтироми ҷаҳониён қарор хоҳад гирифт. Иҷоза нахоҳем дод, ки аз мо сӯйистифода шавад”.

Трамп дарҳол пас аз савгандёдкунӣ қарорҳои ҷадид имзо кард, аз ҷумла:

— дар бораи бекор кардани 78 қарори Байден;

— дар бораи эътирофи Куба ҳамчун кишвари сарпарасти терроризм;

— дар бораи қатъи маблағгузорӣ ба кишварҳои дигар барои 90 рӯз;

— дар бораи баргардонидани ҳукми қатл дар сатҳи федералӣ;

— дар бораи террористӣ эълон кардани гурӯҳҳои нашъаҷаллоб;

— дар бораи авфи 1500 иштирокчии ҳамла ба Капитолия дар моҳи январи соли 2021;

— дар бораи табдили номи Халиҷи Мексика ба Халиҷи Амрико;

— дар бораи ҷорӣ кардани вазъияти изтирорӣ дар сарҳади ҷанубии ИМА ба далели муҳоҷирони ғайриқонунӣ;

— дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорони маъмурияти Байден барои ифшои ғайриқонунии маълумоти махфӣ;

— дар бораи кори TikTok — соҳиб бояд 50% саҳмияҳоро фурӯшад;

— оид ба барқарорсозии озодии баён ва «ҷилавгирӣ аз сензураи давлатӣ».

— дар бораи сахттар кардани қонунҳои муҳоҷирати ИМА;

— дар бораи бекор кардани додани шаҳрвандӣ аз рӯи ҳуқуқи таваллуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *