Қарор аст сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон оғоз шавад

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки қарор аст тирамоҳи соли ҷорӣ сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон оғоз шавад.

Вай ин тарҳро бузургтарин дар таърихи Қирғизистон номида, хостори пуштибонӣ аз он шуд. Вале ҷузъиёти иҷрои тарҳи мазкурро ифшо накард.

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон ҳанӯз 27-уми октябри соли 2021 хабар дода буд, ки ҳуҷҷатҳои асосӣ барои сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон таҳия шудаву охирин гуфтугуҳо бо Ӯзбекистон ба поён расидаанд.

«Мо мунтазири сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Чин ҳастем, аммо Пекин айни замон ба далели вабои коронавирус рафтуомадро маҳдуд кардааст. Ҳамин ки маҳдудиятҳо бекор шуд, тақдири тарҳи сохтмони роҳи оҳан низ дар сафари президент ҳал мешавад. 280 километри ин роҳ аз дохили кишвари мо хоҳад гузашт, ки 57 километри он нақб хоҳад буд»,- гуфта буд Оқилбек Ҷабборов. Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон ҳанӯз ибтидои солҳои 2000-ум эълом шуда буд, аммо аз он замон то кунун амалӣ нагардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *