Қароргоҳи Президент дар Хуҷанд соҳиби бинои нав мешавад
Муассисаи давлатии “Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” соҳиби бинои нав хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмон, лоиҳакашону меъморон тарҳи нави бинои Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ кардааст.
Қайд карда шудааст, ки бинои қароргоҳ бо назардошти санъати меъмории миллӣ сохта мешавад.
“Иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд. Маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад”, — иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба лоиҳакашону меъморон барои омода намудани лоиҳаи биноҳои сохташаванда, саҳн ва атрофи иншоот, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти таҳияи лоиҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ