Қарори ҳукмат: Раисон бо велосипед ба кор раванд!

Тавре хабар дода мешавад, аз 1 декабри соли ҷорӣ ба ҳамаи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои Узбекистон, ҳамчунин ба раисони вилояту туманҳо ва вакилони парлумон  тавсия дода мешавад,ки на камтар аз 1 маротиба дар як ҳафта то коргоҳ бе мошин рафту омад кунанд ва ба ин тартиб «намунаи ибрати шаҳрвандон  шаванд».

Ин тавсия дар қарори ҳукумати он кишвар «Дар бораи чораҳои иловагии пуштибонӣ аз тарзи ҳаёти солим ва боло бурдани ҳаракати ҷисмонӣ» омадааст.

Бино ба қарори мазкур, 22 сентябри ҳар сол дар саросари Узбекистон «Рӯзи бемошин» унвон шудааст.

Ҳамчунин, шуруъ аз 1 апрели соли 2021 дар шаҳракҳо, деҳаҳо, ноҳия ва шаҳрҳои Узбекистон барои пиёдагардон ва дучархасаворон «Долонҳои саломатӣ» сохта мешавад.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *