ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонқ а р о р м е к у н а д:

1.Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 бо иштироки 4 миллиону 238 ҳазору 839 интихобкунанда, ки 85,44% шумораи умумии интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилкардашударо ташкил медиҳад, баргузоршуда дониста шавад.

2.Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи овозҳои ба «тарафдорӣ” ва шумораи овозҳои «зид”-и ҳар як номзад додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи ниҳоии онро бо чунин нишондиҳандаҳо тасдиқ менамояд:

Абдуллоев Мироҷ Санонович –»тарафдор” 49 535 нафар (1,17%);

Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ –»тарафдор” 63 082 нафар (1,49%);

Латифзода Рустам Барот – «тарафдор” 128 182 нафар (3,02%);

Раҳматзода Рустам – «тарафдор” 90 918 нафар (2,14%);

Эмомалӣ Раҳмон – «тарафдор” 3миллиону 853 ҳазору 987 нафар (90,92%).

5. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот бо гирифтани 3 миллиону 853 ҳазору 987 овози интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, ки 90,92%-ро ташкил медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида шавад.

6. Ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии ТоҷикистонБ. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *