Қарори Рустами Эмомомалӣ барои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ имзо шуд

 Ба муносибати 27-солагии Рӯзи Ваҳдати  миллӣ дар шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор  мегарданд. 

 Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 27 июн таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи  пойтахт,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе  базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат чорабиниҳои идона доир мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *