Қарздорони бузург. Бонки Ҷаҳонӣ онҳоро номбар кард

Бонки Ҷаҳонӣ дар «Маърӯза оид ба иқтисоди Тоҷикистон” (тобистони соли 2024), ки ахиран дар пойгоҳаш нашр намуд, корхонаҳоеро номбар кард, ки қарзҳои азим доранд ва ба гуфти ин ниҳод, ба иқтисодиёти кишвар хатар эҷод мекунанд.

Гуфт мешавад, ки аксари ин корхонаҳо бо шарикии давлат фаъолият мекунанд ва зери назорати Вазорати молияи кишвар ҳастанд. Теъдоди чунин корхонаҳо 27 адад гуфта мешавад. Қарзи умумии ин 27 корхона дар аввали соли 2024 ба 60,8 млрд сомонӣ (зиёда аз 5,5 млрд доллар) расидааст. Ин нишондиҳанда, мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ба 46,5% ММД-и соли гузашта баробар аст.

Тибқи навиштаи ин ҳисобот, бузургтарин қарздор ҶСК «Барқи Тоҷик» аст. Қарзи умумии ин корхона бо назардошти қарзҳо барои лоиҳаҳои энергетикӣ беш аз 37,4 млрд сомонӣ (тақрибан 3,4 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки пас аз бозсозии сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ду ширкати мустақил таъсис дода шуданд: ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ки мутаносибан ба интиқол ва тақсими неруи барқ ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ машғуланд. Ҳамаи қарзҳои ҷамъшудаи пешинаи холдинг дар тавозуни акнун ҶСК «Барқи Тоҷик», ки баъди бозсозии сохтор танҳо ба истеҳсоли неруи барқ машғул аст, боқӣ монданд.

ҶСК «НБО Роғун» дуюмин қарздори калон арзёбӣ мешавад. Феълан қарзи ин ширкат ба 9,3 млрд сомонӣ (тақрибан 850 млн доллар) баробар аст.

Миёни дигар қарздорони нисбатан бузург дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶСК “Тоҷиктрансгаз” зикр шудаанд, ки дар охири соли 2023 қарзи умумии онҳо 2,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 210 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин корхонаҳои зерин дар рӯйхати қарздорон зикр шудаанд:

  • ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
  • ҶСК «Тоҷик Эйр»
  • КВД «Тоҷикаэронавигатсия»
  • ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»
  • ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»
  • КВД «Ангишти Тоҷик»
  • «Алюмин Сохтмон»
  • КВД «Сементи Тоҷик»
  • ҶСК «Телерадиоком»
  • КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
  • КВД «Тоҷиксуғурта»
  • КВД «Обу корези Хуҷанд»
  • КВД «Бақайдгирии амволи ғайриманқул ва моликият»
  • КВД «Обу корези Душанбе»
  • БДА «Амонатбонк»
  • ҶСШК «Тоҷикхимпром»
  • ҶСК «Тоҷиктелеком»
  • КМ «Апрелевка»
  • ҶСК «НБО Сангтӯда-1»
  • КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»
  • КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»
  • КМ «Зарафшон»

Таҳияи

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *