Қарзи давлатии Тоҷикистон ба $3,6 миллиард расид
Қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон дар маҷмуъ ба 3,6 млрд доллар баробар шудааст.
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар таркиби қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар қарзи берунӣ ва 400 млн доллар қарзи дохилӣ ташкил медиҳад.
Файзиддин Қаҳҳорзода таъкид намуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар сатҳи бехатар қарор дорад. Ӯ гуфт, қарзи умумии давлатӣ ба ҳудуди 30%-и ММД ва қарзи хориҷӣ наздики 27%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ