Қарзи солҳои пеш дар Бохтар. Он чӣ гуна пайдо шуд?

Феълан қарзи аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо аз шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар ба беш аз 126 миллион сомонӣ расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қарз аз ҳақи истифодаи барқ сол то сол меафзояд.

Бахтиёр Раҷабов, муҳосиби шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар гуфт, ки дар панҷ моҳи соли 2022 ба қарзи барқ боз зиёда аз 4 миллион сомонии дигар зам шудааст. Ӯ мегӯяд, ки дар баробари дигар ташкилоту идораҳои ҳудуди шаҳр муассисаҳои тандурустӣ ҳам кам қарздор нестанд. Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов наздики 750 ҳазор сомонӣ қарздор аст. “Ба ҳамин монанд чандин муассисаҳои тандурустӣ аз истифодаи барқ қарздоранд”,- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол Шайдулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон имрӯз, 12-уми июли соли равон дар нишасти матбуотии хеш ба суол оид ба қарздории муассисаҳои тандурустии ҳудуди вилоят аз ҳақи истифодаи барқ посухи мушаххас гуфта натавонист. Ӯ таъкид кард, ки қарз аз солҳои пеш аст: “Аз рӯзе, ки мо ба фаъилият шуруъ кардем, яке аз масъалаҳо ҳамин аст. Ҳамасола харҷнома тасдиқ мешавад ва қарзҳои солҳои пеш ба инобат гирифта намешавад”.

Хушнуд Баҳодуров аз Беморхонаи клиникавии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов бошад, гуфт, ки “мо марҳила ба марҳила қарзро пардохт карда истодаем. Боз то охири сол ин масъаларо мебинем”.

Ба суоле, ки чаро муассисаҳои тандурустӣ аз ҳақи истифодаи барқ маблағҳои зиёд қарздоранд, касе аз масъулин посухи аниқ гуфта натавонист.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *