Қасри Гулнора Каримоваро дар як видео нишон доданд

Қасри Гулнора Каримоваро, ки дар як канори шаҳри Русия ҷойгир аст, журналистони рус пайгирӣ карда, дар як видео нишон додаанд.

Журналистони нашрияи русии «Mash» мегӯянд, ки ин манзил 3,3 миллион доллар арзиш доштааст. Деҳае, ки дар он хона ҷойгир аст, таҳти назорати кормандони мақомоти амният қарор дорад.

Ба навиштаи » Mash», тамоми амволи духтари президенти нахустини Ӯзбекистон Гулнора Каримова дар Русия ба ҳабс гирифта шудааст. Дар миёни ашёи мусодирашуда гаронтарин хона бо арзиши тақрибан 200 миллион рубл, муодили 3,3 миллион доллар дар деҳае аст, ки Хадамоти федеролии амният ҳифз мекунад. Дар байни ҳамсояҳо сенаторҳо, ситораҳои шоу-бизнес, ҳамсари собиқи Лужков Батурина ва соҳибкор Платон Лебедев ҳастанд.

«Ҳоло Гулнора Каримоваи 50-сола дар колония адои ҷазо мекунад. Ӯ дар тамаъҷӯӣ, азонихудкунӣ, ташкили ҷомеаи ҷиноятӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз гунаҳкор дониста шудааст»,- омадааст дар хабар.

Бинои 500-метра дар деҳаи Дипломат, Горки-2, ноҳияи Одинтсово ҷойгир аст. Қасрро девори семетра иҳота карда, дар гирду атрофи он бешаи санавбар аст, ки онро Хадамоти амният ва 30 нафар ҳамсояҳо назорат мекунанд. Ҳар яке аз онҳо шахси мақоми давлатӣ мебошанд.

«Аммо, афсӯс, Гулнора дигар наметавонад аз ширкати дипломатҳо, рассомон ва миллиардерҳо лаззат барад»,- гуфта мешавад дар хулосаи “Mash”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *