Қатъи парвози «Сомон Эйр» ба фурудгоҳи»Внуково»
Ширкати «Сомон Эйр» муваққатан парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи»Внуково» — и Маскав қатъ кард.
Дар ин бора аз Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон хабар доданд.
Аммо сабабҳои қатъи парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба фурудгоҳи “Внуково” номаълум аст.
Бояд гуфт, ки намояндагони ширкат дар ин бора то ҳол расман хабар надодаанд ва айни замон, танҳо ширкати ҳавопаймоии Русия “Utair” ба “Внуково” парвоз мекунад.
Чанд моҳи охир пас аз ҳодисаи “Крокус” вазъи муҳоҷирон ба даст. Онҳоро дар фурудгоҳҳои Маскав соатҳои тӯлонӣ нигоҳ медоранд. Эҳтимол қатъи парвози «Сомон Эйр» низ ба ин масъала робита дошта бошад.
Як ҳафта пеш чунин мушкилро худи рӯзноманигори Pressa.tj, ки бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» аз фурудгоҳи “Жукова” ба Ватан баргашта буд, дучор омад. Дар мақолаи худ вазъи муҳоҷиронро ҳам дар фурудгоҳи “Жукова” қайд карда буд.
Чунин мушкил ҳанӯз як ҳафта пеш дида мешуд, ки парвози ҳавопаймо манъ гардида, ба рӯзи дигар гузошта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ