Қатъи тамоми марказҳои хизматрасони ба ҷуз аз мағозаҳои хӯрокворӣ дар Душанбе
Бо дастури раиси шаҳри Душанбе фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ ва нуқтаҳои шустани автомашинаҳо дар Душанбе то 31-уми май қатъ карда мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ ин қарор бо мақсади пешгири ва паҳншавии бештари бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст.
Гуфта мешавад, ки сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шуданд дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки қаблан қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси шаҳри Душанбе низ то 31-уми май тамдид карда шуд.
Дар шаҳри Душанбе инчунин меҳмонхонаву қаҳвахона ва тарабхонаҳо низ айни замон кор намекунанд.
То шоми 11-уми май дар Тоҷикистон 661 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 21 кас бар асари ин беморӣ фавтиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ